Ҷамъияти Go Viral дар Осиёи Марказӣ, IWPR ва Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон алоқамандону коршиносони бахшҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановариро ба ҷашнвораи серӯзаи Go Viral Tajikistan даъват мекунад. Ҷашнвора аз 13 то 15 май дар меҳмонхонаи Hyatt Regency, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 26/1 баргузор мешавад.

Тақвими чорабиниҳои ҷашнвора дар пайванди зер дастрас мебошад: http://festival.goviral.kz.

Шурӯъ аз соли 2017 ҷамъияти Go Viral ҷиҳати рушди ВАО, фарҳанг, тиҷорат ва фановариҳо илҳомбахши рӯзноманигорон, соҳибкорон, филмсозон ва оҳангсозон мебошад.

Соли ҷорӣ мавзӯи “Go Viral 2022: Ҷустуҷӯ. Ихтироъ. Роҳҳал” аст. Беш аз 50 сухангӯ бо намояндагӣ аз ширкат ва созмонҳои мухталиф, бо шумули Алиф Бонк, Илмхона, Ташкилоти амонатии қарзи хурди “Ҳумо”, Coca-Cola ва Amazon дар ҷашнвора иштирок мекунанд. Инчунин, шахсиятҳои шинохташуда ва раҳбарони афкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ – Рафаэл Гулов, Орзу Исоев, Зарнигор Маҳмудова, ва Фаридун Хайруллозода суханронӣ хоҳанд кард. Рассом Фаррух Неъматзода, меъмор Оят Шакурӣ, санъатшинос Диана Раҳмонова, Oogway Comics ва наққоши афғон Умар Хамм низ аз ҷумлаи баромадкунандаҳо ҳастанд. Дар ҷашнвора Далер Назаров, Ҷасур Халилов, DJ Фирдавс Исоев, Мелоди Рангерз, гуруҳҳои афғонии ITCC, The Daze ба сурати зинда ҳунарнамоӣ мекунанд, бар илова намоишномаи театрӣ ва намоишгоҳҳои ҳунарӣ манзури иштирокдорон мешаванд.

Соҳибкори амрикоӣ Брэндон Эндрюс дар ҷашнвора иштирок намуда, мастер-класс мегузаронад. Брэндон яке аз бунёдгузорони платформаи Gauge мебошад, ки ба таҳқиқи бозори дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси зеҳни сунъӣ машғул аст. Ӯ ба унвони корманди илмии бахши фановариҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон дар мавриди соҳибкорӣ ва фановариҳо суханронӣ кардааст.

Сафири Go Viral дар Тоҷикистон Манижа Бобоқулова мегӯяд, давоми як соли охир ҷамъияти Go Viral бамаротиб афзоиш ёфтааст. “Мо барои тавсеаи ҷомеа ҷиҳати ҳамкориҳои муфид одамони эҷодкор, коршиносони бахшҳои мухталиф ва ҳамфикронро ба ҳам овардем. Ҷашнвора иде барои як ҷамъияти бузург мебошад”.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм бо таъкид ба дастгирии ИМА дар баргузории ҷашнвора гуфт: “Ҷашнвораи Go Viral беҳтарин роҳҳалҳои навоваронаи Тоҷикистон ва Амрикоро нишон медиҳад. Мо ифтихор дорем, ки дар гирди ҳам овардани теъдоди зиёди одамони эҷодкор барои ташаккули ояндаи кишварҳоямон барои 30 соли оянда кумак мерасонем”.

Spirit of America, Coca-Cola, Asia+, YourTJ ва Tсell сарпарастони ҷашнвораи Go Viral 2022 дар Душанбе мебошанд. Ҷаншвораи Go Viral 2022 аз 13 май то 2 июл дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Бишкек, Алмаато ва Ишқобод баргузор мешавад.

Барои суолҳои иловагӣ ё дарёфти хабари бештар, лутфан ба Сафири Go Viral дар Тоҷикистон, Манижа Бобоқулова тавассути email-и manizha@iwpr.net ё рақами телефонии 901-10-79-48 муроҷиат кунед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь