Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир шудани як нафар, ки ба терроризм гумонбар мешавад, хабар дод. Дар рафти дастгир шудани ин ҷавон шаҳрвандон ба иддаои он, ки сарбозшикор аст, ба кори мақомот халал расондаанд, ки нафарон мувофиқи қонун муҷозот мешаванд.

Шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович, санаи таваллудаш 19-уми декабри соли 1982, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Рӯдакӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, маълумоташ миёна, солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз шабакаҳои интерентӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ ба хусус «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ифода намуда, дар паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна даст задааст. Бо ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаанд, дар ҳудуди Федерасияи Россия амалисозии якчанд актҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайн ворид кардаанд.

Аз чунин қасди диверсионии Имомалӣ Идибегов ва ҳаммаслакони ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия огоҳ гардида, ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷоновичро дастгир кардаанд. Гумонбаршуда Имомалӣ Идибегов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор карда, барои чунин кирдори махсусан хатарноки худ – терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

6-уми апрели соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷинояткори хавфнок Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Нафароне, ки ба рафти амалиёт халал расонданд

Ҳангоми дастгир намудани гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., шаҳрвандон ҳамсари гумонбаршуда Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намуда, дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн кардаанд.

Гумонбаршуда Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард.

Дастгир кардани ин ҷинояткори махсусан хавфнок дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ва 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь