Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Рӯзи китоб ва иқдоми иттилоотӣ бахшида ба ин рӯз баргузор гардид.
Дар шаҳри Бохтар иқдоми иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи китоб баргузор гардид, ки мақсади он таблиғ ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба аҳамияти китоб ва мутолиа мебошад. Дар ин бора Аз шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.
Дар доираи ин иқдом, як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои китоб, вохӯриҳо бо муаллифон, баррасии асарҳои классикӣ ва муосир, инчунин маҳфилҳои адабӣ барои хонандагон баргузор карда шуданд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи китоб чун ҳарсола 4 – уми сентябр дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ, баланд бардоштани маърифати китобхонӣ ва тарғиби фарҳанги китобдорӣ миёни хонандагон ва донишҷӯён буд.
Дар ин рӯз, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардиданд. Муаллимон ва роҳбарони мактабҳо дар дарсҳои махсус ба хонандагон аҳамияти китобро дар ҳаёти инсон ва нақши он дар рушди илм ва фарҳанг фаҳмонда доданд. Хонандагон бо ҳамдигар дар бораи китобҳои дӯстдоштаи худ сӯҳбат карданд, иқтибосҳо аз осори маъруфи адабӣ хонда, дар баҳсҳо ва викторинаҳо ширкат варзиданд.
Дар доираи ин чорабиниҳо, инчунин намоишгоҳҳои китоб дар толорҳои мактабҳо ташкил карда шуд, ки дар он хонандагон тавонистанд бо адабиёти гуногун шинос шаванд ва китобҳои навро барои хондан интихоб кунанд.
Рӯзи китоб дар шаҳри Бохтар ба таври анъанавӣ дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд.