Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ҳоло сохтмони  корхонаи истеҳсоли гӯгирд идома дорад, ки он моҳҳо наздик ба истифода дода мешавад.

Аз бахши  меъморӣ ва шаҳрсозии Бохтар хабар доданд, ки корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Марҳамат Давронова дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат ба истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 0.4 гектар бунёд мешавад.

– Фаъолияти корхона дар як баст ба роҳ монда шуда , 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.

Иттилоъ дода шуд, дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шуданд.  Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгу мебошад. Корхона тибқи нақша дар як шабонаруз 300 қуттии калони гӯгирд  истеҳсол мекунад. Иқдори солонаи корхона 110 ҳазор дона қуттии калон буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.

Зикр шуд, ки барои истеҳсоли гугирд ашёи хом аз Федератсияи Русия ворид мегардад. Бояд гуфт, ин аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст , ки ба истеҳсоли гугирд машғул мешавад . Корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода, бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти гугирдро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ хоҳад монд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь