Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар як миллион гули лолаи ҳоландӣ шинонида шудааст, ки аллакай шукуфтаанд.
Бино ба иттилои сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар Тоҷиддин Давлатзода ин миқдор тухми гули лола аз Ҳоланд, бо харҷи ду миллион сомонӣ харидорӣ шудааст.
Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки ба ғайр аз гули лола дар гулгашту хиёбонҳои маркази вилояти Хатлон зиёда аз 550 ҳазор гулҳои мавсимии виола, газания, садбарг ва гулкарам шинонида шудаанд, ки нашъунамои онҳо хуб буда, шаҳри Бохтарро ба макони гулҳо табдил додаанд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳоло дар гармхонаҳои шаҳри Бохтар садҳо ҳазор гулҳои гуногун парвариш мешаванд, ки рузҳои наздик онҳо низ дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр кӯчат хоҳанд шуд.