Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ният доранд, биноҳои таърихии Театри лӯхтаки “Афсона” ва Кохи Ватанро рузҳои наздик тахриб карда, ба ҷойи онҳо бинои баландошёна ва маҷмаа созанд.
Аз ҳукумати шаҳри Бохтар ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки вайрон кардани Театри лӯхтаки “Афсона” ва Кохи Ватан дар доираи нақшаи генералии шаҳри Бохтар амалӣ мешаванд.
– Дар ҷойи Театри лӯхтак ширкати сохтмонии “Ориён сохтмон” бинои 16-қабата месозад, ки ҳоло ба маҳкам кардани атрофи бинои театр шуруъ карда, рӯзҳои наздик ба тахриб кардани он шуруъ хоҳанд кард, – гуфтанд аз ҳукумат.
Ба гуфти манбаъ дар бинои театр кормандони “Хатлонсинамо”, Шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон ва маҷаллаи “Меҳровар” низ кор мекарданд, ки онҳо кӯчонида шудаанд, вале тақдирашон чӣ мешавад, ҳоло норушан аст.
Дар ҳамин ҳол роҳбари Театри лӯхтаки “Афсона” Хайрулло Давлатов иттилоъ дод, ки ҳоло кормандони театр ба таҳхонаи бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов кӯчонида шуданд.
Ӯ бо нигаронӣ қайд кард, ки таҳхонаи ин театр ба ягон талаботи театрӣ ҷавобгӯ нест. Бинои Театри лухтак солҳои 1940 сохта шуда, ба талоботи театркунонӣ пурра мувофиқ буд.
Ба иттилои расида аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Бохтар дар назар аст, ки Кохи “Ватан” низ дар оянда тахриб карда шуда, дар ҷойи он як маҷмааи хизматрасонии баландошёнаи замонавӣ сохта шуда дар байни он ба Кохи “Ватан” ҷой дода мешавад. Айни замон омода кардани лоиҳаи бинои нав дар ҷойи Кохи “Ватан” идома дорад.
Кормандони Кохи “Ватан” зимни суҳбат гуфтанд, ки ба таҳхонаи Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар кӯчидаанд, ки таҳхонаи ин қаср ба ягон талабот ҷавобгӯ нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш кормандони Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар аз он шикоят карданд, ки дар бо рехтани борон таҳхонаи қаср пур аз об мешаваду наметавонанд кор кунанд.