Коршиносон мутмаинанд, ки ба воситаи саводнокии расонаӣ ифротгароиро пешгирӣ кардан мумкин аст

Дар замони имрӯза ҳаракатҳои мухталифе пайдо гаштаанд, ки қисме бар суд ва қисми дигаре бар зарари мардум фаъолият мекунанд. Бештари он фаъолиятҳое, ки бар нафъи ҷомеа амалӣ мешаванд, хоҳ аз лиҳози динӣ ва хоҳ аз лиҳози дунявӣ бошад, аз ҷониби гурӯҳи ҷудогонаи одамон хато дарк карда мешавад, ки метавонад мафҳумеро ба мисли “ифротгароӣ” ба миён орад. Калимаи “ифрот” дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои аз ҳад гузарондан дар коре, ё дар коре зиёдаравӣ кардан мебошад.

Бештар бо ин қабил ҳаракатҳо метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дучор шуд. Дар фазои маҷозӣ одамон бо мақсадҳои ғаразноки худ маводҳоро паҳн менамоянд, то ки дар байни мардум нофаҳмиеро ба вуҷуд оранд ва он ба як навъи  низои ҷиддие оварда мерасонад ва ё боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудани истифодабарандаи интернет гардад.  Маводҳои мазкур метавонанд хосияти зидди давлатӣ ё динӣ дошта бошад ва бо найрангҳову ахбороти бардурӯғ мардумро ба доми худ андозанд.

Яке аз роҳҳои пешгирии ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саводнокии расонаӣ мебошад, ки он на танҳо барои журналистон, балки барои тамоми қишри ҷомеа зарур мебошад. Дар ин асно саволе ба миён меояд: Саводнокии расонаӣ барои чӣ лозим аст? Чи тавр мумкин аст бо он роҳи ифротгароиро гирифт?

Тавре зикр гардид, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳе аз одамон ба паҳн намудани контенти ифротгароёна, ё ба иборае тарғиби терроризму экстремизм ба назар мерасад ва бархе аз истифодабарандагон фирефтаи суханони онҳо мегарданд. Дар ин гуна ҳолатҳо бо пахши як тугмаи “лайк” ва мондани шарҳ дар зери контенти хусусияти ифротидошта, шахс худаш надониста  метавонад ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ин яке аз сабабҳое мебошад, ки шахс бояд саводи расонаӣ дошта бошад, зеро он имкон медиҳад, ки дар ҷаҳони визуалӣ ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ карда, ба ин гурӯҳ одамон имкони ба мағзи худ ворид шуданро надиҳад. Барои роҳ надодан ба ин гуна ҳолатҳо коршиносон чанд пешниҳоду тавсияҳое доранд:

– Фикрронии сиёсӣ доштан – зеро, агар  истифодабаранда аз вазъи сиёсӣ ва қонуну қоидаҳои давлат ба хубӣ огоҳ бошад, ба контентҳои ифротии зидди ҳукуматӣ дода намешавад;

–  Муайян кардани кӯшиши таъсиррасонӣ – ҳар маълумоте, хоҳ динӣ бошад, хоҳ дунявӣ наметавонад ба мафкураи хонанда таъсир расонад, дар сурате, ки истифодабаранда саводи расонаии хуб дошта бошад;

– Муайян карда тавонистани иттилооти дурӯғ – дар ин самт бояд иттилоотро ҳамаҷониба санҷид. Беҳтар аст ба сомонаҳои боэътимод рӯй овард ва тамоми маълумоти лозимаро аз он ҷо гирифт. Зеро дар интернет сомонаҳое, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи зиёд маводи бардурӯғро паҳн мекунанд кам нестанд ва аз байни ҳамаи онҳо пайдо кардани сайтҳои боэътимод зарур аст

Футурологи амрикоӣ Элвин Тоффлер оиди саводи расонаӣ гуфтааст: “Дар асри 21 бесавод на он  шахсест, ки навиштану хондан наметавонад, балки шахсест, ки омӯхтану хулоса баровардан наметавонанд” дар ин асно бояд гуфт, ки ҳамасола даҳҳо ва ҳатто садҳо нафар фирефтаи иттилооти бардурӯғи дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳншуда мегарданд ва ин ҳама натиҷаи паст будани саводнокии расонаии онҳо, надонистани қонуну қоида ва ғофил мондан аз вазъи сиёсию иҷтимоии ҷаҳони муосир аст. Такрор ба такроh таъкид бояд кард, ки саводнокии расонаӣ на танҳо ба соҳаи журналистика ва рӯзноманигорон дахл дорад? балки дигар қишри ҷомеа низ бояд аз он бархӯрдор бошанд.

Гулистон  Қурбонбекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь