Имрӯз дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон тифле ба дунё омад, ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол номашро Давлатманд гузоштанд.
Дар ин бора сардухтури бемористон мазкур Ҳомидҷон Абдулҳамидзода иттилоъ дода гуфт, умедворанд, ки дар оянда мисли шодравон Давлатманди Хол барои халқу ватан хизматҳои шоиста хоҳад кард.
Блоки рекламавӣ