Бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Ҷайҳун дар умум 7 миллиону 324 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали соли ҷорӣ 848 ҳазор  сомонӣ зиёд аст.

Сардори Нозироти андози ноҳияи Ҷайҳун Ҷаъфар Раҳматшоев гуфт, ки аз ин қарз 4 миллиону 744 ҳазораш аз корхонаҳои буҷетӣ ва боқӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ аст.

– Нисбати ташкилоту идораҳои қарздор баҳри маҷбуран руёнидани қарзҳои андоз ҳама ҷораҳо андешида мешаванд, – илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 104,1  дарсад иҷро шуда, ба буҷет 27 миллиону 714,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 1 миллиону 99 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар умум, дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз то якуми июли соли ҷорӣ 178 миллиону 874 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали соли равон бештар аз 11 миллион сомонӣ кам аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь