Сарояндаи ҷавону хушноми кишвар Дамирбек Олимов дар пайи як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора субҳи имрӯз дӯстону наздиконаш дар саҳифаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд.
Хабари марги овозхонро Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд дар суҳбат бо “Sugdnews” тасдиқ кардааст. Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Сомгор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди боғи миллии Ваҳдат рух додааст.
Расонаҳо аз қавли наздикони овозхон менависанд, ки ӯ шаб дар як тӯй дар тарабхонаи Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст ва субҳи имрӯз, соати 3, ҳангоми аз ин тарабхона рафтан дар роҳ бо ду навозандааш ба садама дучор шудааст. Онҳоро ба беморхонаи рақами 1 шаҳри Хуҷанд мебаранд ва дар беморхона Дамирбек Олимов мефавтад.
Дамирбек Олимов 20-уми марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар оилаи Ботурҷон Олимов ба дунё омадааст. Ӯ соли 2004 пас аз тамом кардани мактаб ба Коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шудааст. Пас аз хатми коллеҷ дар соли 2009 фаъолияти эҷодии худро дар ансамбли «Нури Хуҷанд» таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов оғоз кардааст. Дамирбек Олимов дар ансамбли «Садои Суғд» низ кор мекард. Дамирбек оиладор ва соҳиби се фарзанд – 2 писару 1 духтар буд.
Муҳаммадназар Наҷмиддинов