Дар кишвари Чин дар як рӯзи охир 31 ҳодисаи марг аз эпидемия, ки ба навъи нави коронавирус марбут аст, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

Аз моҳи декабри соли 2019 то имрӯз шумораи қурбониёни коронавирус 2 ҳазору 943 нафарро ташкил медиҳад. 80 ҳазору 151 ҳолати сирятёбӣ ба ин вирус ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои Интерфакс бештари ҳолатҳои марг дар маркази паҳншавии коронавирус вилояти Ҳубей сабт шудаанд, ки тибқи маълумот дар ин минтақа дар як рӯз 114 ҳолати сироятёбӣ ба вирус ошкор мешаванд.

Аз моҳи декабр инҷониб дар Ҳубей 2 ҳазору 834 нафар қурбонии коронавирус ва 67 ҳазору 217 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки то рӯзи 28-уми феврал зиёда аз 36 ҳазору 167 нафари онҳо аз беморхонаҳо рухсат шудаанд.

Дар маҷмуъ, айни замон 30 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб дар муассисаҳои тиббии ин кишвар ба табобат машғуланд. Ҳолати 6 ҳазору 800 нафар гирифторони вирус, вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон, 47 ҳазор нафар табобат гирифтаанд ва муассисаҳои тиббиро тарк кардаанд.

Гуфта мешавад, дар робита ба сироятёбӣ дар Чин коҳишёбӣ дида мешавад ва ин вазъиятро дар ин кишвар президенти он муътадил арзёбӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, ки мутахасисони чинӣ талош доранд, то воксинаи ин бемориро пайдо кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь