Кумитаи давлатии тандурустии Чин 13-уми март хабар дод, ки дар охири рӯзи 12-уми уми март 1 ҳазору 318 нафар бемори мубтало ба коронавирус пас аз шифо ёфтан аз беморхонаҳо рухсат шудаанд.

Ба иттилои “Синхуа” то имрӯз дар Чин 64 ҳазору 111 нафари сироятёфта ба коронавирус пас аз шифо ёфтан аз беморхонаҳо рухсат карда шудаанд, ки ин ҳисоб 80 дарсади беморонро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти охирин дар сарзамини Чин 80 ҳазору 813 ҳолати сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, 3 ҳазору 176 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Ба гуфтаи Кумитаи тандурустии Чин дар ин кишвар сироятёбӣ ба вируси нав коҳиш ёфта, ҳолат рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Мутобиқи маълумоти кумитаи мазкур дар ин кишвар дар як рӯз 8 ҳолати нави тасдиқшудаи сироят ба вирус ва инчунин 7 ҳолати нав бо оқибатҳои маргбор ба қайд гирифта шудааст.

Дар байни ҳамаи ҳолатҳои фавт 6 ҳодиса ба вилояти Ҳубей ва 1 ҳолати дигар ба вилояти Шандонг рост меояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь