Бар асари вазъи геополитикии ҷаҳон, вобаста ба коҳиши қурби рубли русӣ, ки дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ ба амал омадааст муҳоҷирони меҳнатиро маҷбур кард, ки аз интиқоли пул аз Русия худдорӣ кунанд, ки ин боиси 44% коҳиши ҳаҷми миёнаи якрӯзаи интиқоли пул дар Бонки Эсхата гардид. Баъдан, дар моҳи март тибқи чораҳои зиддибӯҳронии Бонки марказии Федератсияи Русия, қурби рубли русӣ мӯътадил шуд. Аллакай дар охири моҳи март рубл мавқеъи худро бозпас гирифт ва баръакс нисбат ба асъорҳои ҷаҳонӣ мустаҳкам шуд.
Дар робита ба ин, якбора афзоиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пул ба мушоҳида мерасад, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ ба интиқоли маблағҳои қаблан ҷамъшуда ба Тоҷикистон фаъолона оғоз карданд, ки дар натиҷа ҳаҷми миёнаи рӯзонаи интиқоли пул ба Бонки Эсхата нисбат ба охири моҳи феврал 4,5 баробар афзуд. Илова бар ин, корхонаҳо дар аввал ва охири моҳ ба кормандони худ маош медиҳанд, ки ин ҳам сарбории бонкҳоро дар таъмини шаҳрвандон бо пули нақд зиёд мекунад. Омили дигар, сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ дар дохили Тоҷикистон аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо, он хеле кам ба назар мерасад.
Барои мисол, тибқи маълумотҳои дар шабакаҳои ахборотии интернетӣ овардашуда, дар соли 2021 ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Федератсияи Русия қариб 60%, дар Қирғизистон 40%, дар Қазоқистон тақрибан 77% ташкил медиҳад.
Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10% ташкил дода, мутаносибан 90% бо пули нақд сурат мегирад, ки ба таъмини банкоматҳо ва шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд низ бетаъсир намемонад.
Ниҳоят, ҳамаи ин омилҳо на танҳо ба Бонки Эсхата, балки ба дигар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо пули нақд таъсир расонид, вале ин мушкилӣ характери муваққатӣ дорад. Бонкҳо, аз ҷумла Бонки Эсхата бо дастгирии БМТ барои беҳбуди вазъ кӯшиш карда истодаанд.
Бонки Эсхата шаҳрвандонро даъват мекунад, ки ба таҳлука наафтанд. Дар сурати дар банкоматҳо муваққатан набудани пули нақд, гирандагони интиқоли пулӣ метавонанд ором бошанд, зеро маблағи интиқолшуда дар суратҳисоби мизоҷ нигоҳ дошта мешавад. Имкониятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ барои ҳамаи дорандагони кортҳои бонкӣ руз аз руз дастрастар мегарданд. Мизоҷон дар ҳар лаҳза метавонанд бо истифода аз пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, талаботҳои худро қонеъ гардонанд. Инчунин ҳаққи хизматрасониро тавассути бонки мобилии “Эсхата онлайн” пардохт намуда, ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар саҳм гузоранд ва барои кам кардани сарбории бонкҳо оид ба таъминоти аҳолӣ бо пули нақд мусоидат намоянд.
Агар ба пули нақд ниёз дошта бошед, пулҳои худро аз банкомат дастрас намоед, дар ҳолати мавчуд будани пул дар банкомат.
Пас Бонки Эсхата ба мизоҷони худ чӣ пешниҳод мекунад?
- Бонки Эсхата ҳамаруза корбарӣ намуда истодааст, то ки зиёда аз 200 банкомат дар саросари кишвар бо пули нақд таъмин бошад. Шумо метавонед маблағҳои худро 24/7, то ба охир расидани меъёри ҳаррӯзаи пули нақд дар банкоматҳо, дастрас намоед: https://eskhata.com/individuals/bank_cards/atms.php
- Дар сурати тамом шудани маблағ дар банкоматҳо, Шумо метавонед ба хазинаҳои Бонк муроҷиат намоед ва тавассути POS-терминалҳо маблағҳои худро нақд кунед. Имруз шумораи POS-терминалҳои Бонк зиёда аз 400 ададро ташкил медиҳад. Дар хизмати Шумо 22 филиал ва зиёда аз 130 марказҳои хизматрасонии бонкӣ амал мекунанд, ки зиёда аз 10-тоаш хазинаҳои бегоҳирузӣ ва шабона доранд: https://eskhata.com/about/bank/branches.php
- Бонки Эсхата истифодаи пардохтҳои ғайринақдиро бештар тарғиб мекунад. Ин амалиёти қулай ва ҳамеша дастрас аст. Шумо метавонед ба осонӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ бо истифода аз корт ё QR тавассути бонки мобилии “Эсхата онлайн” пардохтҳои ғайринақдиро анҷом диҳад. Имрӯз Бонки Эсхата беш аз 7000 нуқтаи пардохтии QR дорад https://eskhata.com/individuals/bank_cards/qr.php
Бо ёрии кортҳо Шумо метавонед ҳаққи хизматрасониҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар пардохт кунед, суратҳисоби худро тавассути терминалҳои пардохтӣ ва аз бонки мобилии “Эсхата онлайн” пур кунед, суратҳисоби корти худро идора намоед ва тавассути бонки мобилӣ пардохт кунед http://eskhata.com/online
- Пас аз гирифтани интиқоли пулӣ, инчунин Шумо метавонед пасандози муҳлатнокро бо 17% солона, тариқи онлайн кушоед. Айни замон дар Бонки Эсхата аксия рафта истодааст, ки дар доираи он пасандоз бо фоизҳои баландшуда пешниҳод мегардад: https://eskhata.com/about/news/6170/
Инчунин мизоҷон метавонанд суратҳисобро ба 8% солона кушода, дар он пулҳои худро захира кунанд ва дар вақти дилхоҳ бозпас ва пур кунанд.
Бо эҳтиром ҶСК “Бонки Эсхата”