Айни замон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сохтмони 26 синфхонаи иловагӣ, 1 утоқи корӣ, 2 китобхона, 1 толори маҷлисгоҳ ва  ошхона барои хонандагон, яъне  650 ҷойи нишаст дар як баст, идома дорад.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода

Мудири Шуъбаи моарифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода гуфт, ки соҳаи моариф и дар ноҳияи Дӯстӣ солҳои охир рушд кардаст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ бо дастгирии  соҳибкори  ватанӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона,  барои  300 ҷойи нишаст дар ду  баст сохта шуда, барои истифода супорида шуд.

– Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, ки дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл ҷойгир аст, бо дастгирии аҳолии маҳаллӣ ва роҳбари хоҷагии деҳқонии тухмпарварии ба номи Эргаш Султонови ноҳия бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона сохта ба истифода дода шуд, – афзуд Ш.Маҳмадсаидзода.

Ҳамчунин, ӯ зикр кард дар рӯзи якуми сентябри соли гузашта  дар назди МТМУ№39-ум  2 синфхонаи иловагӣ бо дастгирии кумитаи падару модарон сохта, ба истифода дода шуд.

Мудир илова кард, ки ҳоло дар ноҳия корҳои лоиҳаи ангоравии сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №6, 14  тасдиқ карда шуда, ки корҳои сохтмонӣ дар арафаи оғозёбист.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода гуфт, ҳама талошҳои худро баҳри рушди соҳаи моариф ва дастуру супоришҳои роҳбари давлат, ки дар Паёми солонаи худ оид ба соҳаи маориф ироа кард, равона намуда, шароити таълиму тарбияро барои муҳасилин беҳтару хубтар хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь