Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 88 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 891 ҷойи нави корӣ бунёд карда шудааст.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки ин корхонаҳо дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёд карда шуданд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти ин коргоҳҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи бастубанди тиббӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст.

Ҳоло шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 623 адад расида, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли 2020 ба истифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид ва аз ин ҳисоб маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид шуд.

Дар вилоят бо ба кор андохтани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Синсилу Данғара», барои коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта, барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи устувор гузошта шуд.

Ҳамзамон корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли семент машғул мебошанд, 753 нафарро ба шуғл фаро гирифтаанд.

Корхонаҳои мазкур дар соли 2020-ум 2,5 миллион тонна семент ба маблағи 886,8 миллион сомонӣ истеҳсол карда, дар маҷмуъ, ба буҷетҳои дахлдор 171 миллион сомонӣ маблағ пардохт кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь