Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 155 иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки беш аз 15  адади он сохта ба истифода дода шудааст.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Фатҳулло Зеров иттилоъ дод, ки соли 2019-ум 23 иншооти дигар бояд сохта шаванд.

– Азимтарин иншооте, ки дар соли 2019 сохта мешаванд, муассисаи таълимии дуошёнаи №25 дар деҳоти «Дӯстӣ» барои 240 хонанда дар як баст бо харҷи 2 миллион сомонӣ, бинои Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бо харҷи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, дорухона, 50 синфхонаи иловагӣ ва ғайра мебошанд, – гуфт Фатҳулло Зеров.

Ӯ  илова кард, ки айни замон сохтмони бинои 5-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ оғоз гардидааст ва тибқи нақша соли 2020 ба истифода дода мешавад.  Ҳамчунин, варзишгоҳи марказии ноҳия бо сарфи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь