Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар назар аст, ки то соли 2026-ум 270 иншоот ба маблағи 900 миллион сомонӣ бунёд карда шавад. Дар ин бора раиси шаҳри Бохтар Муминзода Абдулмаҷид хабар дод.

Ба гуфти ӯ дар соли 2023-юм бунёди 70 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки дар асл 92 иншоот бо харҷи 107 миллион сомонӣ  бо таъсиси 52 ҷойи кории доимӣ ва 145 ҷойи кории муваққатӣ бунёд гардидааст.

Дар умум 114 адад иншооти ҷашни бо таъсиси садҳо ҷойи навӣ корӣ сохта ба истифода дода шудааст, гуфт ӯ ва илова кард, ки дар ин сол 3 коргоҳ – ҶДММ “Холназар” самти фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҶДММ “Тоҷиддин” бо истеҳсоли хишти сементӣ ва ҶДММ “Бесадо” бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, ҶДММ “Осиё+М” коргоҳи коркарди шир ташкил карда шуданд, ки аз ҳисоби корхонаҳои таъсисёфта 50 ҷойи нави корӣ фароҳам ва ба маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 1 миллион сомонӣ илова карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь