Сирил Ромофузо, президенти Африқои Ҷанубӣ, эълом кард, ки нишасти BRICS ба сурати ҳузурӣ баргузор мешавад.

Иҷлоси сарони BRICS (Brazil, Russia, India, China, South Africa) аз 22 то 24-уми август дар Йоҳаннесбург (Африқо) баргузор мешавад. Ба гузориши Euronews, Ромофузо барои ҳама раҳбарони кишварҳои узв даъватнома фиристодааст.

«Иҷлоси BRICS бо ҳузури физикӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳамаи мо мусаммам ҳастем, ки ҷаласае дошта бошем, битавонем мустақиман рӯ дар рӯ бо ҳам иртибот барқарор кунем. Мо се сол аст, ки иҷлоси ҳузурии BRICS надоштаем. Пас маро бибахшед, ки шуморо ноумед кардам, аммо иҷлос маҷозӣ нахоҳад буд», – гуфт президенти Африқои Ҷанубӣ.

Сирил Ромофузо ҳамчунин гуфт, ки дар нишаст мавзуи густариши гуруҳи BRICS низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Вай нагуфт, ки Владимир Путин, президенти Русия, ки дар иртибот бо иттиҳомоти марбут ба ихроҷи ғайриқонуни кӯдакони украинӣ таҳти таъқиби додгоҳи кайфарии байналмилалӣ аст, дар ин нишаст ширкат хоҳад кард, ё на.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь