Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Идораи шабакаҳои барқии шаҳр доир ба воқеъияти истифодаи нерӯйи барқ дар моҳи декабри соли 2017 аз тарафи муштариён бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма брифинг доир гардида, ҳолати баамаломада муфассал шарҳ дода шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Рустам Пулотов дар назди рӯзноманигорон баромада карда, доир ба ҳолати истифодаи нерӯйи барқ аз ҷониби муштариён маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр доштааст, ки яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳар гуна овозаву нофаҳмиҳо байни истифодабарандагони қувваи барқ ин пеш аз ҳама истифодабарии зиёди нерӯйи барқ аз тарафи аҳолӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ва ҳамчунин сард шудани ҳарорати ҳаво дар моҳи декабри соли 2017 мебошад.

Рустам Пӯлотов афзудааст, ки агар аҳолии шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2016 ба маблағи 6 миллиону 887 ҳазор сомонӣ, 47 миллион клв. соат барқ сарф карда бошанд, ин нишондод дар моҳи декабри соли 2017 ба маблағи 8 миллиону 903 ҳазор сомонӣ, 52 миллиону клв. соат қувваи барқро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, 15 дарсад афзоиши нархи қувваи барқ низ аз моҳи октябри соли 2017 амалӣ карда шудааст.

Дар мавриди дақиқкории фаъолияти ҳисобкунанкҳои барқӣ Рустам Пӯлотов қайд кардааст, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокии беҳтар карда шудааст. 63 000 ҳисобкунанки барқӣ ба манзили муштариён насб карда шудаанд. Низоми биллингӣ аз муштариён тақозо менамояд, ки бояд дар мавриди оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯйи барқ мардум ҳушёр бошанд.

Дахолати инсон ба системаи биллингӣ, хусусан, ба ҳисобкунакҳои барқ имконнопазир аст, вале ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандон алоҳида ғайриқонунӣ пайваст намудани хатти ҳисобкунаки ашхоси дигар низ ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолатҳо дар натиҷаи муроҷиати шаҳрвандон ошкор карда шудаанд.

Ба Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз санаи 8 январ то 11 январи соли 2018 беш аз 500 нафар муштарии шабакаҳои барқ оид ба афзудани қимати истифодабаррии неруйи барқ муроҷиат кардаанд. 216 адад ариза баррасӣ ва дар ин бора санадҳои дахлдор тартиб дода шудаанду шаҳрвандон аз муроҷиати хеш қонеъ гардиданд.

Мусаллам аст, ки дар истифодаи дастгоҳи обгармкунӣ (термекс) -1,5клв. соат, печи гармидиҳӣ – 2,5 клв. соат, кондитсионер -2,5кл. соат, телевизиор -0,2 клв.соат ва лампаҳои рӯшноидиҳанда – 0,3 клв.соат барқ масраф мешавад, ки дар маҷмуъ ба 7 клв. соат қувваи барқ баробар мегардад. Агар ин шумора ба соати истифода баъдан ба рузи истифода зам карда шавад, қувваи барқи истифодашудаи дар як моҳ муайян мегардад, шарҳ дода шудааст дар брифинг.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь