Як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллобон дар вилояти Суғд дастгир карда шуданд, ки таҳти ҳимояти як ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД дар вилояти Суғд амал мекарданд. Аз онҳо ба миқдори
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, фаъолияти гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳудуди ин вилоят бо роҳбарии шаҳрванд Шарифов Муҳаммад Шарифович санаи таваллудаш 1 феврали соли 1976 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Палдорак, кучаи Зарафшон, хонаи №5, ошкор карда шудааст. Ин гурӯҳ бо роҳбарии номбурда ва бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарипов Руслан Алимович санаи таваллудаш 11 феврали соли 1978, сокини шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 19, бинои 6, ҳуҷраи 35, ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул шудаанд. 22 ноябри соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ Шарифов Муҳаммад Шарифович ва ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарипов Руслан Алимович зимни муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дастгир гардидаанд. Аз онҳо ба миқдори
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Шарифов Муҳаммад Шарифович ва Шарипов Руслан Алимович бо моддаи 200, қисми 4, банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.