Дар хабар аст, ки имомхатиби собиқи масҷиди ҷомеи шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд Нуъмонхон Отаев аз тарафи мақомоти амниятии ин минтақа боздошт шудааст.

Дар ин бора Parstoday бо истинод аз манобеи интернетӣ навишт, ки наздикони имомхатиби собиқи масҷиди ҷомеи шаҳри Истаравшан гуфтаанд, ки маъмурони Кумитаи амнияти миллии вилояти Суғд пас аз намози зӯҳр вайро боздошт кардаанд ва ба шаҳри Хуҷанд бурдаанд. Сабаби боздошти имоми собиқи намози ҷумъаи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқболи шаҳри Истаравшан ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Манбаъҳои мутаалиқ ба ин рӯҳонии саршинос дар шимоли Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳо ва созмонҳои исломӣ, аз ҷумла Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон надоштааст.

Гуфта мешавад, дар бозрасӣ аз хонаи Нуъмонхон Отаев беш аз 300 китоби ахлоқӣ ва адабиро мусодира кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь