Дар вилояти Суғд муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, майори милитсия бо 10 000 сомонӣ пора ба даст афтодааст. Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Дар ин иттилоъ гуфта мешавад, ки дар натиҷаи санҷиши аризаи шаҳрванд “А” муайян карда шуд, ки муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Суғд майори милитсия Ҳакимов Наврӯз Ғайратович барои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд “А” бо моддаи 247 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пешбурдаш қарор дошт аз охирин маблағи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ба сифати пора талаб кардааст.

Дар асоси маводи ҷамъовардашуда 9-уми октябри соли 2018 нисбати Ҳакимов Наврӯз Ғайратович бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд “А”  гирифтани пора ба маблағи 10000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ  ёфта гирифта шуд.

Айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳакимов Наврӯз идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь