Шаби 1 ба 2 июли соли ҷорӣ дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад.
Тақрибан соати 4-и саҳар шаҳрванд Каримов Абдуваҳоб Ҳоҷиевич санаи таваллудаш 25.11.1983, зодаи ноҳияи Ҷайҳун, шаҳраки Дӯстӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд аз ҷониби кормандони милитсия дар вақти содир намудани ҷинояти дуздӣ дар мавзеъҳои аз сӯхтор зарардида дастгир карда шуд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ