Як раиси ҷамот ва як директори ширкат аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҷурми фурӯхтани замин боздошт шудаанд. Дар ин бора аз маркази матуботи Агентӣ хабар доданд.
Абдураҳмонов Раҷабалӣ Ҷалилович дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, аз шаҳрванд «А» барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 9500 сомонӣ пора талаб кардааст.
Абдураҳмонов дарв ақти аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 9500 сомонӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дастгир гардида, маблағи 9500 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далелӣ шайъӣ ёфта гирифта шудааст. Вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати Абдураҳмонов Раҷабалӣ Ҷалилович бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Шаҳрванд «Б» ба Шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд бо ариза муроҷиат кардаст, ки нисбати директори филиали ҶДММ «Гео-замин» дар шаҳри Панҷакент Юсупов Муродқул Ҳасанович чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ин ширкатдор аз ӯ барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 50 000 сомонӣ талаб кардааст. Аз маблағи зикргардида дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ 38 000 сомониашро гирифта, овардани 12 000 сомониро талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Юсупов Муродқул Ҳасанович баъди аз шаҳрванд «Б» гирифтани маблағи 12 000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст. Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Юсупов Муродқул Ҳасанович бо моддаи 279 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суди шаҳри Панҷакент ирсол карда шудааст.