Зани 26-солае бо гумони дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагӣ аз ҷониби кормандони ВКД дастгир шуд. Дар ин бора ВКД иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 35-солаи сокини кӯчаи Н.Муҳаммади ҳамин ноҳия муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 11-уми июл  тахминан соати 21:40-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, ки арзиши умумиашон 20 000 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи сокини кӯчаи Н.Муҳаммад бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуд.

Гуфта мешавад. аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь