Меҳмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар идомаи сафари кории худ ба вилояти Хатлон аз чанд иншооти ноҳияҳои Қубодиёну Балхӣ дидан карданд.

Гурӯҳи меҳмонон аз Маҷмааи тадурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”,  ки дар ноҳияи Қубодиён воқеъ аст, дидан намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати сарони давлатҳои бо ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Ӯзбакистон қарор дорад. Дар заминаи равобити дӯстона Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сохта шудааст.

Масоҳати умумии  Маҷмааи тандурустӣ  6 гектарро ташкил медиҳад, ки бинои асосии Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» 4 ошёна ва ду бинои дигар аз се ошёна иборат мебошанд. Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дар ноҳияи Қубодиён дорои 200 кат буда, барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи тандурустӣ аз 19 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул ва функсионалӣ, шуъбаҳои бемориҳои ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакона, урологӣ ва ғайра иборат мебошад. Барои ташхиси беморон дар Маҷмааи мазкур 1 адад томографияи компютерӣ, 2 адад рентгени рақамии статсионарӣ ва 2 адад рентгени рақамии сайёр аз ширкатҳои кишварҳои пешарфтаи ҷаҳон ворид карда шудаанд.

Дар идомаи сафари корӣ меҳмонҳо ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” боздид намуданд.

Меҳмононро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ кард.

Зимни боздид, гуфта шуд, ки корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дар  минтақаи саноатӣ ҷойгир буда, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир Семент” сохта шудааст. Корхонаи мазкур бо маблағи  380 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати корхонаи мазкур 6-7 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсоли корхона  600 000 тонна семент дар як сол мебошад.

Барои бунёди ин корхона  191 сохтмончӣ, аз ҷумла 91 сохтмончии хориҷӣ ва 100 сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Айни ҳол дар корхона зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ фаъолият доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки  корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” калонтарин корхонаи саноатии фаъолияткунанда дар ҳудуди ноҳия ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла, таъмини ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии хушсифат саҳми бузург мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь