Дирӯз дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон боришоти шадиди борону жола ва раъду барқ ба вуқӯъ пайваст. Ин ҳолат дар вилояти Суғд баъзе хисороти ҷониро низ бар ҷой гузоштааст. Дар шаҳри Хуҷанд боришоти шадид боиси вазидани тундбод ва решакан гардидани даҳҳо дарахт ва харобии хатҳои интиқоли барқ шудааст.

Сухангӯйи маркази матбуотии Ҳукумати Хуҷанд Маъмури Юсуфзод зикр кардааст, ки офати табиӣ бештар ба дарахтону хатҳои барқ таъсир расонидааст. Бар асари вазиши шамол ва боришот беш аз 50 дарахти бузург афтида ба иншоотҳои гуногун хисороти моддӣ расонидааст.

Инчунин, аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки боришоти шаби гузашта дар ҳудуди ҷамоатҳои Палдорак, Обшорон, Навбаҳор ва Суғдиёни ноҳияи Масчоҳ сабабгори омадани сел гаштааст, ки дар баъзе аз ин минтақаҳо сел ба ҳавлиҳои сокинон ворид гашта, дар натиҷа хисорот низ ба ҷой гузоштааст. Пули даромади роҳи қисми ҳарбии Ротаи алоҳидаи қушунҳои хушкигарди дар ин минтақа воқеъбудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шустааст.

Аврангбахти Маҳбуб аз нашрияи маҳаллии “Нигоҳи халқ” хабар медиҳад, ки омадани сел дар Масчоҳ талафоти ҷонӣ низ дошт. Ба гуфти ин манбаъ, ки аз номи майор Ҷамшед Кӯчаков, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, иттилоъ додааст, сокини ҳафтодсолаи ҷамоати шаҳраки Обшорон Боиш Норматов зери сел монда, ба ҳалокат расидааст. Ҳоҷӣ Аъзамов, як нафар сокини миёнсоли АХД Файзӣ Султонов, низ бо сабаби ба сараш афтодани шифер ҷароҳат бардоштааст, ки дар беморхона бистарӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь