Рӯзи иди Наврӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон, соири шаҳру ноҳияҳои он чун ҳарсола сермошину серодам на, балки холист. Дар саҳни ҳавлии хонаҳои баландошёна низ кӯдакон давутоз надоранд. Зану мард низ барои ба кӯча баромадан ҳавсала намекунанд ва дар хона шиштаанд.
– Ин чӣ рӯзе буд, ки коронавируси лаънатӣ ба сари мардуми олам овард? Бояд ин рӯзҳоро бо сабру таҳаммул паси сар кунем. Дар ҳаёти тӯлонии худ бори аввал аз телевизион мебинам, ки атрофи хонаи Худо беодам мондааст. Бори аввал шукӯҳи Наврӯзи оламафрӯзро дар кишвари худ ба ин гуна таҳқиршуда мебинам, – мегӯяд Қаҳрамон Ниёзови тошкандӣ.
Ҳоло теъдоди ба коронавирус сироятшудагон дар Ӯзбекистон (21-уми март) 37 нафарро ташкил додааст. Вазъият ҳанӯз нигаронкунанда мебошад ва мақомот талош мекунанд, ки ин теъдод афзоиш наёбад. Аммо ҳувайдост, ки афзоиши теъдоди сироятшудагон ба онҳо вобаста нест.
Як гурӯҳ шаҳрвандони ин кишвар, ки аз хориҷа баргаштаанд ё онҳоро тавассути ҳавопаймоҳои чартерӣ баргардонидаанд, дар шифохонаҳои махсус таҳти назорати пизишкону мутахассисон қарор доранд.
– Рӯзмарра ба ин ҷо даҳҳо нафар хӯроку ғизои гуногун меоранд ва аз мо хоҳиш мекунанд, ки онро барои ашхоси дар карантин қарордошта бидиҳем. Аксари онҳое, ки ин ҷо ғизо меоранд, барои одамони таҳти назорати мо бегона ҳастанд,-мегӯяд яке аз пизишкони навбатдори Маркази илмӣ-тадқиқотии вирусологияи Ҷумҳури Ӯзбекистон.
Вай меафзояд, ки дар ҳамаи шифохонаҳое, ки барои карантини гумонбарони вирус ҷудо карда шудаанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин пизишкон ва хоҳарони шафқат ғизои овардаи одамонро бо камоли хушҳолӣ ва мамнуният қабул мекунанд.
– Ин ба он маънист, ки одамони зери назорат донанд, ки касе нисбати онҳо бетафовут намебошад, – изҳор кард пизишки навбатдор.
Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазъияти яке аз бемористонҳое, ки шаҳрвандони аз хориҷа баргаштаи ин кишвар таҳти назорати пизишкону мутахассисон қарор доранд, нигаронкунанда арзёбӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки барои нигаҳдории ин теъдоди одамон шароит мусоидат наменамояд. Дар як утоқ чору панҷнафарӣ ва ҳатто аз он бештар будубош доранд.
Ин дар ҳолест, ки мунтазам дастандаркорони вазорати сиҳати омма, мутахассисони марказҳои тиббии илмиву тадқиқотӣ, пизишкони шифохонаҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд ва ба онҷо иҷоза дода намешавад, ки аз назди гумонбарони бемории коронавирус дур шаванд.
Аз тариқи садову симо мутахассисон аз мардуми кишвар даъват мекунанд, ки рӯзҳои рухсатии худро дар хона гузаронанд ва иди Наврӯзро бо пайвандон хушу хурсандона истиқбол гиранд. Тақозо мегардад, ки одамон ба гигиена қатъӣ риоя кунанд, тез-тез дастони худро бо собун бишӯянд, кӯдакону наврасонро низ ба ин далолат кунанд ва нагузоранд, ки онҳо ба кӯча бароянд.
– Ба ҳамаи ин вазъи ноҷӯру ногувор нигоҳ накарда одамон аз шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаровон истифода мебаранд ва якдигарро бо фарорасии иди Наврӯзи хуҷаста табрику шодбош мегӯянд. То ҳол даҳҳо табрикоти дӯстонамро пазируфтаму барояшон табрикоти наврӯзӣ ироа кардам,-мегӯяд журналисти тоҷиктабори муқими Тошканд Муҳаббат Ҷӯраева.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, Шаҳри Тошканд