Мардуми азизи Тоҷикистон! Иҷозат диҳед, аз номи роҳбарият ва ҷомеъаи меҳнатии Бонки Эсхата Шуморо бо 30 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намоям.

Дар ин ҷашни таърихӣ ва тақдирсоз мехоҳам ба ҳамаи сокинони кишвар саломатии бардавом, шукуфоӣ ва ҳаёти осоишта орзумандам.

Агар ба таърих назар афканем, 30 сол пеш, санаи 9 сентябри соли 1991, вақте ки дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи истиқлолияти давлатӣ” қабул шуд, ёдрас хоҳем шуд. Оғоз за ҳамон рӯз санаи 9 сентябр дар ҷумҳурӣ ҷашни расмӣ эълон шуда,барои шаҳрвандони ин кишвар аҳамияти хоса дорад.

Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар пешравии корҳои дохиливу бурун марзӣ нақши созанда дорад. Ҳамкорӣ дар соҳаи илм, фарҳанг ва маориф рушд мекунад.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарварии бевоситаи ӯ дар Тоҷикистон ислоҳоти назаррас дар ҳама соҳаҳо дар амал татбиқ шуда,сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шудааст.

Бояд қайд кард, ки Истиқлолият ба рушд ва таҳкими низоми молиявию бонкӣ мусоидат кард, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргониро таъмин намуд.

Барои ҶСК “Бонки Эсхата” ин сана аҳамияти хоса дорад, зеро бонк ҳангоми ташаккули истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Бо мақсади дастгирии мардум, Бонки Эсхата фаъолияти худро аз пешниҳоди қарз ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ оғоз намуд.

Истиқлолияти ҷумҳуриявӣ дар рушди минбаъдаи бахши бонкии кишвар, аз ҷумла барои ҶСК “Бонки Эсхата” нақши муҳим бозид, ки ба шарофати он имрӯз бонк яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад ва ҳамчун бонки низомсози кишвар эътироф шудааст.

Боварии комил дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамасоҳаҳо ба комёбиҳои боз ҳам бузургтар ноил шуда, ба давлати доимо гул-гул шукуфон табдил меёбад.

Ид муборак!

Бо эҳтиром Райнер Мюллер-Ҳанке,

раиси раёсати ҶСК “БонкиЭсхата

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь