Мизоҷони бонкҳо бо маром афзалияти хизматрасониҳои фосилавиро дарк мекунанд ва сатҳи сифати хизматрасониҳои бонкӣ баробари гузариши бомуваффақият ба муҳити рақамӣ бештар бароҳаттар мегардад, ки барои мизоҷон имконияти истифодабарии хизматрасониҳои бонкиро бидуни тарк кардани манзил муҳайе месозад, ҳатто берун аз кишвар.

Имруз муассисаҳои молиявии муосир таъкид мекунанд, ки талабот ба ин гуна хизматрасонӣ дар оянда боз ҳам бештар мегардад.

Бонки мобилии “Эсхата Онлайн” барномаест, ки баҳри таъмин намудани пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавӣ ба мизоҷон тариқи телефон коркард шудааст.

Шумораи истифодабарандагони “Эсхата Онлайн” рӯз аз рӯз меафзояд. Омори имруза чунин рақамҳоро нишон медиҳад: зиеда аз 500 000 нафар барномаро насб карданд, зиеда аз 6000 суратҳисоб кушода шудааст, зиеда аз 17 000 кортҳои бонкӣ ба тариқи онлайн фармоиш дода шудааст, зиеда аз 9 000 000 муомилоти ғайринақдӣ ба назар мерасад, ба истифодабарандагони бонки мобилӣ зиеда аз 1 300 000 сомони кешбэк пешниҳод карда шудааст, баҳои истифодабарандагони “Эсхата Онлайн” 4,3 ҳол аст.

Замоне, ки Шумо мизоҷи Бонки Эсхата гаштед, суратҳисоб кушодеду кортро ба даст гирифтед, Шумо метавонед “Эсхата Онлайн”-ро ба телефони худ насб намоед. Барои ин Шуморо танҳо лозим аст, ки барномаро зеркашӣ карда, аз қайд гузаред, ҳамзамон бароятон ҳамёни мобилӣ ва якчанд хизматрасониҳо дастрас мегарданд. Баробари гузаштани онлайн мушаххаскунӣ бошад, имконияти васеъи истифода намудани зиеда аз 200 амалиетҳо ва хизматрасониҳои бонкиро пайдо мекунед.

Афзалиятҳои “Эсхата Онлайн” барои мизоҷон дар чист?

Мизоҷон метавонанд мустақилона маблағҳои худро интиқол диҳанд, пасандоз кушода онро дар вақти барояшон дилхоҳ пур кунанд, аз ивази асъор истифода баранд, пардохти қарз, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар хизматрасониҳоро бе комиссия ва бе ташриф ба бонк иҷро намоянд. Ҳамаи огоҳиномаҳое, ки оид ба амалиётҳои вобаста ба суратҳисоб дар барнома нигоҳ дошта мешаванд.

Истифодабарии осон ва интерфейси фаҳмо имконият медиҳад, ки ҳатто ба шахсе, ки аз технологияи муосир дур аст, барномаро ба осонӣ дарк кунад.

Суръати амалиёт кафолат дода мешавад. Мизоҷ дар чанд дақиқа ва дар баъзе мавридҳо ҳатто дар як сония метавонад дар вақти барояш дилхоҳ пардохти ғайринақдӣ ва амалиёти бонкиро анҷом диҳад.

  • Барои интизорӣ дар навбат вақт надоред? Наистед!
  • Ба филиали бонк дер кардед? Ҳе гап не!
  • Банкомат пули нақд надорад? Ғамгин нашавед!

Ҳисобҳои худро мустақилона, 24 соат дар як рӯз, аз ҷои нишаст идора кунед!

Аз хизматрасонии бонкӣ тавассути телефон истифода баред!

“Эсхата Онлайн” – Бонк дар телефони шумо!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь