ҶСК «Бонки Эсхата» (Бонки Эсхата) натиҷаҳои фаъолиятро дар шаш моҳи соли 2022 ҷамъбаст намуд. Бонки Эсхата дар ин муддат чи навгониҳоро баҳри мизоҷонаш пешкаш кардааст?

Равиши нави хизматрасонӣ! Бонки Эсхата тағироти васеъи равандҳои амалиётӣ ва самтҳои асосии тиҷорати чакана ва хурду миёнаро анҷом дод: Бонк ҳадаф дорад, ки як бонки пешрафтаи технологӣ барои мизоҷони чакана ва тиҷорати хурду миёна гардад, ки хизматрасониҳоро тавассути ду шабакаи асосӣ – идораҳои чаканаи аз нав сохташуда бо минтақаҳои худхизматрасонии шабонарӯзии 24/7 ва шабакаҳои рақамӣ пешкаш намояд.

Нахустин филиале, ки дар доираи модели нави хизматрасонӣ навсозӣ карда шуд – филиали Бонки Эсхата дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар к. И.Сомонӣ 40 мебошад. Филиал бо тамоми инфрасохтори зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои хизматрасонӣ ба мизоҷон бароҳату қулай гардид. Тарҳи замонавӣ ва ороиши нав, ки дар он ҷойҳои таърихии тамошобоби Хуҷанди бостонӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик тасвир ёфтааст, ба намуди дохили филиал фазои хос мебахшад.

Бахши коркарди Чат (паёмҳо). Барои беҳтар ва саривақт расонидани хизматрасонӣ ба мизоҷон тавассути шабакаҳои онлайн аз тарафи Бонк Бахши алоҳидаи коркарди Чат, яъне паёмҳо таъсис дода шудааст, ки дар назди Маркази тамоси Бонк амал мекунад. Ҳоло ҳама дархостҳои мизоҷон, аз фикру мулоҳизаҳо то пешниҳоду дархостҳо бо суръати тезтар баррасӣ карда мешаванд. Ва мизоҷон метавонанд бо гузоштани IVR-баҳодиҳӣ ба сифати кори Маркази тамос ва кормандони Front Office баҳо диҳанд.

Маҳсулот ва имкониятҳои нав! Барои мизоҷон дар самти хизматрасонӣ имкониятҳои нав дастрас шуданд. Масалан, барои дорандагони кортҳои VISA имконияти интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ аз корт ба корт дар асоси Эсхата Онлайн дастрас шудааст. Омили муҳими баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ интегратсияи QR бо ташкилоти молиявии Душанбе  сити буд. Акнун бо ёрии Эсхата Онлайн мизоҷон метавонанд ҳатто дар нуқтаҳои QR -и Душанбе сити пардохт кунанд.

Дар доираи такмили хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ имкониятҳои низоми инноватсионии хизматрасониҳои бонкии фосилавии «Эсхата Бизнес» васеъ карда шуданд. Акнун мизоҷони сегменти мазкур метавонанд мустақилона корти бонкиро барои кормандонашон дар доираи лоиҳаи “Музди меҳнат” фармоиш диҳанд, инчунин огоҳиномаҳоро оид ба транзаксияҳо фаъол ё ғайрифаъол созанд, аз ҷумла SMS, почтаи электронӣ, push. Инчунин версияи мобилии мутобиқшавандаи «Эсхата Бизнес» дастрас гардид.

Дар давоми шаш моҳ Бонки Эсхата зиёда аз се иқдомро дар самти тиҷорати чакана эълон кардааст: ҷалби пасандозҳо бо фоизи баланд -17% солона, пешниҳоди қарзҳои хурд бо шартҳои имтиёзнок, пешниҳоди кешбэк ба дорандагони корт бо мақсади зиёд намудани гардиши ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

NTPro – дастрасии мустақим ба биржаи байнибонкии асъории Москва! Хабари хуш барои муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин буд, ки Бонки Эсхата, аввалин шуда дар Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTPro пешниҳод кард, ки дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъории Москва фароҳам меорад.

Бонк дар ин давра боз кадом дастовардҳоро қайд карда метавонад?

Системаи идоракунии корпоративии Бонк аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баҳогузорӣ карда шудааст. Ба ҳайати Шӯрои нозирон коршиносони нави мустақил шомил гардиданд, ҳайати Раёсати Бонк аз ҳисоби коршиносони байналмилалӣ пурра гардид.

Трансформатсияи ESG самти афзалиятноки фаъолияти Бонк буда, ба сатҳи ҳадафи стратегӣ, ки аз ҷониби Шӯрои нозирони Бонк тасдиқ шудааст, бардошта шудааст. Бо мақсади такмили сиёсати рушди устувор, риояи принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ESG (идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ) Бонк вазифаи нав таъсис дод – менеҷер оид ба рушди устувор. Мушовирони IFC дар таҳияи сиёсатҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳо бо назардошти омилҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, бо назардошти стандартҳо ва талаботи байналмилалӣ кӯмак мерасонанд.

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз санаи 26.01.2022с. Бонки Эсхата бори дигар ҳамчун бонки низомсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд, ки яке аз меъёрҳое мебошад, ки мизоҷро метавонад ҳангоми интихоби бонк ҳангоми кушодани пасандоз, кам кардани хатари талафот ва боварӣ ҳосил кардан ба дараҷаи баланди ҳифзи пасандоз роҳнамоӣ намояд.

Кормандони бонк бо ҷоизаҳо барои иштироки фаъол ва пешбурди RSBP, барномаи минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ мукофотонида шуданд. Мақсади асосии RSBP  ноу-хау дар соҳаи молиявӣ соҳибкории хурду миёна (СХМ) ва таҷрибаи пешқадам дар пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ барои СХМ дар Осиёи Марказӣ.

Бонки Эсхата барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои “Ҳафтаи умумиҷаҳонии саводнокии молиявӣ” (GMW) бо сипономаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Бонки Эсхата дар доираи барномаи мусоидат ба тиҷорат бори дигар бо ҷоизаи “Фаъолтарин бонк – эмитент дар Тоҷикистон” аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) сарфароз гардид.

Бори аввал дар Тоҷикистон Бонки Эсхата тақвимеро пешкаш кард, ки расмҳои он бо ёрии технологияи AR зинда мешаванд!

Нишондиҳандаҳои молиявӣ ва амалиётӣ чӣ мегӯянд?

Натиҷаҳои молиявӣ ва амалиётии Бонк ба санаи 30 июни соли 2022 мунтазам афзоиш ёфт.

Аз рӯи даромаднокии сармоя Бонки Эсхата дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Сармояи Бонк ба меъёри мақбули ҳатмӣ мувофиқ буда, зиёда аз 683,41 млн. сомониро ташкил медиҳад. Фоидаи Бонк то тарҳи андоз 144,09 млн. сомониро ташкил дод ва афзоиши онро ба 111,55% таъмин намуд. Сандуқи амонатӣ 1,903 млрд. сомониро ташкил дода, аз ҳисоби ҳамаи намудҳои пасандозҳо нисбат ба охири соли 2021, 401,8 млн. сомонӣ зиёд шуд. Сандуқи қарзии бонк ба 2,071 млрд. сомонӣ расида, аз рӯи ҳаҷми қарзҳои додашуда бонк дар низоми бонкӣ ҷои аввалро ишғол намуда, дар нимсолаи аввали соли 2022 ба маблағи 1 555,6 млн. сомонӣ қарз додааст. Шумораи кортҳои пардохтӣ дар давраи ҳисоботӣ 13,6% зиёд шуда, зиёда аз 558 ҳазор ададро ташкил дод. Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2022 шумораи мизоҷони Бонк 13,8% афзоиш ёфт (зиёда аз 86,9 ҳазор) ва дар умум зиёда аз 715 ҳазор нафарро ташкил дод.

Бо дарназардошти сатҳи иштироки молиявӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои зерин ба саҳми Бонки Эсхата рост меоянд: 14,6% дороиҳо, 16,8% сандуқи қарзӣ, 15,6% ӯҳдадориҳо, 16,6% пасандозҳо ва 11,6% сармояи тавозунии низоми бонкӣ.

Муваффақияти Бонки Эсхата ба шарофати эътимод ва интихоби мизоҷон, ҳамкории судманд бо шарикон, дастгирии давлат, кӯмаки саҳҳомон, аъзоени Шӯрои нозирон ва Раёсати бонк, инчунин меҳнати софдилона ва садоқатмандии кормандон ба даст омадааст.

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь