ҶСК «Бонки Эсхата» аввалин бонк дар Тоҷикистон аст, ки ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTPro пешниҳод намуд, ки дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъори Москва фароҳам меорад.

Истифодаи технологияҳои NTPro доираи имкониятҳоро барои муассисаҳои молиявӣ ба таври назаррас васеъ мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ бо хадамоти клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳои Биржаи Москва қарорҳои муосири тиҷоратиро дар соҳаи амалиёти асъорӣ ба даст оранд.

Ёдовар мешавем, ки ба далели вазъи геополитикии марбут ба амалиёти низомӣ дар Украина теъдоде аз бонкҳои Русия таҳти таҳрим қарор гирифта шуданд, ки сабаби ба душворӣ дучор шудани бонкҳои Тоҷикистон баҳри анҷоми амалиётҳои асъорӣ гардид.

«Мо шодем, ки тавонистем ин имкониятро ба муассисаҳои молиявии кишвар ҳамчун роҳи ҳалли мушкилии ба миёномада фароҳам оварем. Айни ҳол, тақрибан ҳамаи муассисаҳои молиявии Тоҷикистон дар ин самт бо мо ҳамкорӣ доранд. Нақшаи мо васеъ кардани доираи фарогирии мизоҷон аст, аз ҷумла тавассути пайваст кардани мизоҷони хориҷӣ ба платформаи мазкур”, – иброз дошт Дмитрий Лисиченко, муовини раиси Раёсат/сардори Департаменти молиявии Бонки Эсхата.

Маълумот барои тамос барои мизоҷон – муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоҷаев А.А. Сардори Бонки хазинадории Эсхата (+992 (44) 600-0-600 (рақами дохилӣ 307, 308))

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь