Бонки Эсхата иқдоми навро бо номи “Пардохти бурднок” эълон мекунад. Пардохтҳои ғайри нақдиро дар нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ тавассути “Эсхата Онлайн” ё ҳамаи намуди кортҳои Бонки Эсхата, аз ҷумла кортҳои VISA пардохт кунед ва имконияти ба даст овардани мукофотҳои пулиро ба даст оред.

Барои ҳар пардохт аз 30 сомонӣ ва аз он боло на камтар аз 3 доллари ИМА (барои харидҳо дар интернет), ба мизоҷ ID-рамз пешниҳод мегардад, ки он иштирокчии аксия шудани мизоҷро тасдиқ намуда, ID-рақамҳои ӯ дар бурди туҳфаҳо ширкат меварзанд. Фонди умумии туҳфаҳо 132 000 сомониро ташкил медиҳад.

Иқдом аз 01.08.2021 оғоз ёфта то 31.10.2021 сол давом мекунад ва аз се давр иборат аст. Дар охири ҳар давр комиссияи махсус ғолибонро ба таври тасодуфӣ интихоб мекунад.

Дар натиҷа, мукофотҳои пулӣ ба тариқи зайл тақсим карда мешаванд:

  • аз рӯи натиҷаҳои ду давраи аввал 18 нафар ғолибон ҳар кадом 3000 сомонӣ бурд мекунанд;
  • аз рӯи натиҷаҳои даври ниҳоӣ, ба ҳар 5 нафар ғолиб ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.

Инчунин нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар он ғолибони аксия пардохти ғайринақдиро анҷом додаанд, бе диққат нахоҳанд монд. Мукофотҳои пулӣ онҳоро низ интизоранд!

Ҳадафи ин аксия мусоидат ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ва ҳавасмандии мизоҷон барои интихоб ва бештар истифода намудани пардохтҳои ғайри нақдӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь