“Бонкҳои бузурги Русия омодаанд, ки дар наздиктарин фурсат аз шартномаҳои коғазӣ ба шакли электронии он гузаранд”,  – хабар медиҳад ОИР “Новости” дар такя ба  маълумоти нашрияи “Известия”.

Феълан тасмими гузариш ба шакли электрониро, аз ҷумла, “Сбербанк”, “Алфа-банк”, “Райффайзенбанк”, “Промсвязбанк” “Почта-банк” пеш гирифтаанд.

Мутахассисони соҳаи бонкдорӣ бар он назаранд, ки навсозӣ сатҳи хизматрасониро беҳтар хоҳад кард ва хароҷоти бонку вақти мизоҷро низ сарфа менамояд. Дар баробари ин тиљорати хурд имкон пайдо мекунад, ки ќарзро давоми 3 дақиқа ба расмият дарорад ва маблағ дар муддати 10 дақиқа ба суратҳисоби мизоҷ интиқол ёбад.

Дар “Сентробанк”  шакли шартномаи электрониро қабул карда, таъкид доштаанд, ки ташкилотҳои молиявӣ вазифадоранд, маълумоти хизматрасониро то мизоҷон расонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь