Расонаҳо менависанд, бонкҳои Тошканд рӯзи 2 октябр ба шахсони воқеӣ асъори хориҷӣ нафурӯхтаанд. Дар ҷаласаи ҳукуматӣ рӯзи 24 октябр сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов гуфта буд, ки дар Ӯзбекистон фурӯши асъори хориҷӣ ба сокинон аз 1 октябр иҷозат дода мешавад
Шоҳидон мегӯянд, рӯзи 2 октябр дар бонкҳои «Халқ бонк», «Миллӣ бонк», «Ипотека бонк» ва дигар бонкҳои Тошканд асъори нақди хориҷӣ ба шахсони воқеӣ фурӯхта нашуд.
Дар Ӯзбекистон шурӯъ аз 5 сентябр шахсони воқеӣ ҳаққи фурӯши асъори хориҷиро дар нуқтаҳои табодули асъор пайдо карданд.
Тошбек, як сокини Тошканд ба расонаҳо гуфтааст, сокинон ҳанӯз асъори хориҷиро аз “бозори сиёҳ” дастрас мекунанд. “Бозори сиёҳ” мисли пешин озодона амал намекунад, вале мақомот натавонистаанд, ки “бозори сиёҳ”-ро комилан бибанданд. Барои ин вақт лозим аст.
Ба иттилои хабаргузории Reuters, ҳукумати Ӯзбекистон ният дорад, барои ба эътидол овардани вазъи бозори асъораш аз Бонки ҷаҳонӣ то $1 млрд. қарз бигирад.