Аз 17-ум то 21-уми октябри соли равон дар шаҳри Панҷакент машқи  мукаммали мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд. Дар ин бора сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар Панҷакент майор Парвиз Амонов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, мақсад аз баргузории чунин тамрин, муайян кардани вазъи фаъолияти хадамот дар ҳолатҳои сар задании ҳолатҳои фавқулода будааст.

Дар машқи  мукаммали мудовиаи гражданӣ, ки дар деҳаи Озодагони ҷамаоти деҳоти Хурмӣ, дар соҳили дарёи Зарафшон, доир гардид, хадамоти оташнишонӣ, тандурустӣ, милитсия, бойторӣ, роҳсозӣ, сантарию эпидемиологӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор, ҳамчунин ҳудуди 1000 нафар сокинон иштирок доштанд.

Дар баргузории машқи  мукаммали мудофиаи гражданӣ намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд иштирок доштанд.

Таъкид гардид, ки гузронидани чунин машқҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат аз рӯи барномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сурат мегирад.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь