Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 51 бинои  баландошёнаи истиқоматӣ бунёд хоҳад шуд.

Сармеъмори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Ятимзода Валиҷон афзуд, ки аз 51 бинои баландошиёна дар соли 2018-ум 5 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба гуфтаи манбаъ аз 51 хонаи баландошёна 40 биноаш 5-ошёна,  4  бино  6-ошёна,   9 бино  6-ошиёна ва  1 бино 12-ошёна мебошад, ки ҳоло дар бинои 12-ошёна ва чанд бинои  дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки дар шаҳри Бохтар сохтмонашон бояд то 30-солагии Истиқлолияти давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расад, ҳамагӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мешаванд.

Ятимзода Валиҷон афзуд, ки ин ҳама талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад.    

Раҳмоналӣ  Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь