Дар шаҳри Бохтар то фарорасии ҷашни Наврӯз ҳаракати 39 нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки барои беҳдошти зиндагии мардум пешниҳод шудаанд, роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои Сафаров Тоҷиддин, роҳбари гуруҳи тадбиқи нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон ,дар доираи лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъияти вилояти Хатлон, ки мақсади асосии лоиҳа ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ, пас кардани ҳолатҳои танбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ ва беҳтарин намудани вазъи экологӣ иборат мебошад, автобусҳои ширкати ватанӣ ба шаҳр ворид мегарданд. Маблағи умумии лоиҳа 9,2 миллион доллари ИМА буда, аз тарафи бонки аврупоии “Таҷдид ва рушд” маблағгузорӣ карда мешавад.
– Маблағҳо қарзӣ ва грантӣ мебошанд ва дар доираи лоиҳа се қарордод амалӣ мегардад, ки ин ҳам лоиҳакашӣ ва сохтмони муассисаи нақлиёти автомобилӣ бо таҷҳизотҳояш бо маблағи беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ буда, пудратчии он ширкати ватании ҶДММ “Собирсам” мебошад. Айни замон дар доираи сохтмони муассисаи нақлиётӣ бо таҷҳизотҳояш 70 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Дуюм, харидории 39 автобуси дизелӣ мебошад, ки харидории онро ширкати ватании “АКИА АВЕСТО” бар дӯш дорад. То ҳол банду басти автобусҳо дар заводи ин ширкат идома дошта, то ба имрӯз 10 овтобус пурра омода гаштаанд. Банду басти дигар автобусҳо идома дорад, – изҳор дошт Сафаров Тоҷиддин.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки тибқи нақшае, ки тамоми пудратчиён ба зима гирифтаанд, то давраи муайяншуда ҳама корҳоро ба итмом мерасонанд.
– Тибқи нақша мо бояд ин автобусҳоро моҳи декабр-январ барои истифода пешниҳод мекардем, вале таҳримҳои ҷорӣ, ки имрӯзҳо миёни кишварҳои ҷаҳон идома доранд, ба нақшаҳои мо низ таъсири манфӣ гузошт ва дар натиҷа муҳлати амали нақша ба таъхир афтод, агар мушкиле дигар пеш наояд дар назар аст, ки моҳи март, дар ҷашни Наврӯзи соли 2023 фаъолияти пурраи муассисаи Бохтар- нақлиётро ба роҳ монем, – гуфт Тоҷиддин Сафаров.