Бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва шаҳрдори Бохтар Муминзод Абдулмаҷид сохтмони толори варзише, ки 17 сол боз нотамом боқӣ монда буд дубора оғоз гардид.
Аз Раёсати кор бо ҷавонони ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки сохтмони толори варзишии болопӯшида дар шаҳри Бохтар соли 2007-ум оғоз шудаву бо сабабҳои номаълум нотамом боқӣ монда буд. Бо дасгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар сохтмони толори мазкур бо ҷалби соҳибкорон оғоз гардида, дар он даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, – гуфтанд аз Раёсат.
Бояд гуфт, шаҳрдори Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ, гуфта буд, ки дар кутоҳтарин муҳлат сохтмони толори варзиширо бо дасгирии соҳибкорон оғоз хоҳанд кард.