Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсол 27 иншооти таъиноташон гуногун, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар онҳо бо маром идома доранд, ба истифода дода мешаванд.
Аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба хабарнигори “Фараж” иттилоъ доданд, ки азимтаин иншооте, ки дар ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳр ба истифода дода мешавад, корхонаи истеҳсоли дучарха, корхонаи хурокворӣ, рамзи нишони давлатӣ, қасри фарҳанг, маркази саломатии хусусии 5-ошёна, шаш бинои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бинои нави корхонаи манзилию комуналӣ, ду майдони варзишӣ ва дигар иншоот мебошанд.
Аз ниҳоди мазкур хабар доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ қариб ба охир расида, дар назар аст, ки 27 адади дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба истифода дода шаванд.
– Баъди ба истифода додани иншооти мазкур даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд, – гуфтанд аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ.
Ёдовар мешавем, ки як рӯзи ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, рӯзи 22-юми марти соли 2020, дар шаҳри Бохтар таҷлил карда мешавад.