Дар шаҳри Бохтар тули се рӯз мешавад, ки сокинону ронандагони нақлиёти ҷамъиятию шахсӣ гази моеъ дастрас карда наметавонанд. Ҷорӣ кардани маҳдудият дар фуруши газ боиси баланд гаштани нархаш мешавад, мегӯянд ронандагон.
Тайи се рӯзи ахир дар нуқтаҳои фуруши сӯзишвории шаҳри Бохтар фуруши гази моеъ қатъ гардидааст, ки ин ҳолат истифодабарандагони газро ба ташвиш овардааст. Дар нуқтаи фуруши сӯзишвории “Bahor OIL” ки дар ҳудуи терминали шаҳри Бохтар ҷойгир асту аксари ронандагону сокинон аз ин нуқта сӯзишвории газро дастрас мекунанд, набудани газ масъулини ин нуқтаро низ ба ташвиш овардааст. Яке аз кормандони ин нуқтаи сӯзишворӣ, бидуни зикри ном, баён дошт, ки газро аз ҳудуди шаҳри Душанбе аз шарикони худ дар ин самт дастрас мекарданд, вале ин рӯзҳо онҳо низ дар дастрас кардани газ маҳдудият доранд.
– Ду рӯз пеш мо низ норасоии гази моеъро дар шаҳр мушоҳида кардем ва барои дастрас кардани он ба шарикони худ дар шаҳри Душанбеанд занг задем, вале онҳо низ иброз доштнд, ки ин мушкил дар онҳо низ ҷой дорад. Айни ҳол дар шаҳри Бохтар танҳо дар нуқтаи сӯзишвории “Баҳор” гази моеъро дастрас кардан имкон дорад, ки он ҳам дар ҳаҷми маҳдуди 300 тонна оварда мешаваду то нисфирӯзӣ ба итмом мерасад, – гуфт ин корманд.
Давлат Бобоев, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар, баён дошт, ки ду рӯз боз гази моеъ ҷустааст ва имрӯз аз як нуқтаи сӯзишворӣ бо нархи гаронтар аз будаш пайдо кардааст.
– Беш аз даҳ сол аст, ки ронандагӣ мекунам ва тайи чанд соли охир мушкили гароншавии нархи сӯзишворӣ харҷамро бештар кардааст. Таҷриба нишон дод, ки соҳибкорон махсус дар фуруши сӯзишвориҳо маҳдудият ҷорӣ мекунанд ва бо ин тариқ нархро болотар мебаранд. Ба назар чунин менамояд, ки касе парво надорад, ки ин ҳолат ба ронандагон зарари ҷиддии иқтисодӣ мерасонад. Мо нархи роҳкироро бардорем, сокинон аз мо норозӣ мешаванд, – гуфт Давлат Бобоев.
Дар Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки маҳдудият буд, вале он бартараф шуд ва ин ба нархи сӯзишвори ҳеҷ таъсире нарасонидааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки ба иттилои ронандагон нархи гази моеъ дар ҳудуди шаҳри Бохтар дар ин ду рӯзи ахир аз 6 сомонию 50 дирам ба 8 сомонӣ расидааст.
Мавлуда Гулова, Фараж