Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар назар аст, ки то охири моҳи январи соли 2020, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар як миллион  гули лолаи ҳоландӣ шинонида мешавад.

Сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар Тоҷиддин  Давлатзода, гуфт, ин миқдор тухми гули лола  аз Ҳоланд,  бо харҷи ду миллион сомонӣ харидорӣ шудааст.

– То имрӯз  2 ҳазору 600 тухмии он дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр  шинонида шуда, боқимондаи он то охири моҳи январ кишт хоҳанд шуд. Ҳоло дар гармхонаҳои корхона зиёда аз 300 ҳазор гули гуногун барои зебогии кучаҳои шаҳр парвариш шуда, дар назар аст, ки онҳо низ дар гулгаштҳои шаҳр шинонида мешаванд. Аз аввали сол то инҷониб дар шаҳри Бохтар беш аз 600 ҳазор гули мавсимии тобистонаю зимистона шинонида шудаанд, – илова кард Тоҷидин  Давлатзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь