Ширкатҳои кории Федератсияи Русия барои кор дар анборҳо корҷуёни мардикорбозори шаҳри Бохтарро ба кор даъват намуда, маоши аз 30 то 60 ҳазор рубли русиро ваъда кардаанд.

Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Бохтар дар мувофиқа бо намоядаи ширкати боркашонии ПЭК (Федератсияи Русия) дар шаҳри Душанбе, сармутахассиси самти кор бо қувваи кории ИДМ Парвона Аҳрорӣ барои ҷалби корҷуёни мардикорбозори терминали шоҳроҳи Бохтар – Душанбе оид ба таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо кор дар анборҳои ин ширкат корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро ба кор дар анборҳои Федератсияи Русия даъват карданд.

Намоянда пас аз сӯҳбати корӣ дар муассиса ва вохӯрӣ бо теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ изҳор дошт, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн омодаанд, ки ҷиҳати ҷалб ва сафарбарии қувваи корӣ ба корхонаи онҳо ҳамкорӣ намоянд.

Азизода Баҳодурҷон Иброҳим, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки аксари корҷуёни мардикорбозор пешниҳодҳои кориро, ки маоши моҳона доранд, рад мекунанд, ин пешниҳоди корӣ, ки музди аз 30 то 60 ҳазор рубли русиро дар бар мегирад, аксари онҳо бо сабаи кам будани маош рад мекунанд.

– Пеш аз ин мо барои ба кор таъмин намудани ин корҷуён онҳоро ба ширкатҳои ватанӣ ба кор даъват намудем. Чанде аз занону ҷавондухтароне, ки корҷуӣ мекарданд, дар мардикорбозор як муддат дар коргоҳи дӯзандагии “Текстил” барои кор бурдем. Онҳо баъди ду ҳафта корро тарк карданд ва сабабашро набудани пардохти ҳарӯза гуфтанд, – изҳор дошт сардори раёсат.

Тибқи итиллои Азизода Баҳодурҷон Иброҳим то моҳи декабр фаҳмондан ва даъват ба кор аз ҷониби ширкати болозикр идома ёфта, аввалҳои моҳи декабр натиҷагирӣ карда мешавад. Миёни корҷуёни мардикорбозор беш аз 10 нафар барои кор дар Русия ризо ва номнавис шудаанд.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь