Бо қарори иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуд.

Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин доир гардид. Дар иҷлосия ҳисоботи раиси шаҳри Бохтар, ҳисоботи сардори раёсати молияи шаҳр “Дар бораи иҷрои буҷети шаҳри Бохтар дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети маҳаллии шаҳр барои соли 2023” шунида шуд.

Сипас, протоколи комисияи номгузории назди Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз 7 декабри соли 2022 “Дар бораи ба номи Аловуддин Абдуллозода гузоштани Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар” барои тасдиқ пешниҳод гардид ва вакилон аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь