Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Бохтар 8 иншооти таъйиноти гуногун бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулон ифтитоҳ карда шуд. Дар ин иншоотҳо беш аз 70 сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Бинои сеошёнаи маъмурии Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон, ки бо харҷи 5 миллиону 460 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин бинои дуошиёнаи кӯдакистони хусусии “Донояк”-ро, ки аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ барои 100 нафар кӯдак бо ташкили 20 ҷойи нави корӣ ва бо харҷи 1 миллиону 470 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ карданд.
Инчунин, бинои дуошиёнаи маркази савдои “Некрӯз” ва “Фӯруши қолинҳои Душанбе”-ро, ки бо ташабуси як соҳибкори маҳаллӣ ба маблағӣ 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст ба истифода доданд, ки дар он 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳамчунин раиси вилоят ва дигар намояндагони вазорату идораҳо дар шаҳри Бохтар корхонаи коркарди шиферро ба истифода доданд. Корхона аз ҳисоби соҳикброни маҳаллӣ бунёд шуда бо таҷҳизоти муосир муҷаҳаз гардонида шудааст.
Дар идома раиси вилоят ва дигар меҳмонон толори машқу тамрини “Фитнес клуб”-ро ки аз ҷониби соҳибкор Асомиддин Ҳайдаров бо харҷи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сохта шуда ва ба маблағи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ таҷҳизот насб карда шудааст, ба истифода доданд, ки дар он 12 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Ҳамчунин як толори варзишии болопушидаро, ки аз ҷониби ТҶ Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст ба истифода дода шуд, ки дар он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Гуфта шуд, ки раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ва намояндаи Ҳукумати кишвар дар дохили Боғи фарҳанигию фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар ду иншооти дигар, ки барои фароғати кӯдакон бунёд шуда буд, мавриди истифода қарор доданд.
Бохтар: Ифтитоҳи 8 иншоот дар доираи сафари кории Роҳбари давлат
Блоки рекламавӣ