Шуруъ аз аввали моҳи декабр намояндагони донишгоҳҳои Федератсияи Русия бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Бохтар вохуриҳо доир карда, онҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар даъват мекунанд.
Тибқи иттилои Шаъмигул Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар намояндагони муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Толяттии Федератсияи Русия (Тольяттинский государственный университет) бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯри доир намуданд. Дар вохӯри намояндагони муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» оид ба тариқи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбии хориҷӣ кишвар маълумоти муфассал дода, намояндаи донишгоҳ оид ба тариқи дохилшавӣ, стипендия, шароитҳои донишгоҳ суханронӣ намуда, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас доданд ва хоҳишмандонро барои таҳсил ба донишгоҳи мазкур даъват карданд.
Ҳамчунин, дар толори литсейи давлатии №1 – и шаҳри Бохтар намояндаи Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар вохӯри доир намуданд. Дар вохӯри зиёда аз 80 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар иштирок намуданд. Дар ин мулоқот намояндагони донишгоҳ оид ба тариқи дохилшавӣ, стипендия, шароитҳои донишгоҳ суханронӣ намуда, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.
– Ҳамасола қисме аз хонандагон таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишварро интихоб менамоянд. Дар соли таҳсили 2021-2022-юм 400 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳр ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуда, қисми зиёдашон дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия таҳсил доранд, – изҳор дошт Шаъмигул Шарифзода.