Дар марказр маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар рӯзҳои 17-18-уми октябри соли равон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» баргузор мешавад.
Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содиротшаванда, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни он намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят муаррифӣ гардад. Инчунин мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби ёддошти байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.
Блоки рекламавӣ