Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҳанӯз соли 2007-ум бунёди толори варзишии болопӯшида оғоз гардидаву бо гузашти 17 сол нотамом боқӣ мондааст. Масъулон омили асосии бунёд нагаштани онро маблағгузорӣ нашудан арзёбӣ карданд.

Сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар Саидмурод Пиров дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, соли 2007-ум сохтмони маҷмааи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуд. “Худи ҳамон сол бунёди толори   варзишӣ оғоз гардида буд. Бо сабаби ҷудо нагардидани маблағҳои пешбинишуда толор нотамом боқӣ монд. Дар ин толор ҳамагӣ ба миқдори 367  ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуду халос”, – илова кард ӯ.

Гуфта  шуд, аз соли 2016-ум толори мазкур  ба тавозуни Мактаби варзишии шаҳри Бохтар гузаронида шуд, ки барои бунёди он 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ лозим аст.

-Дар нақшаи бунёди иншооте, ки соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр ба инобат гирифта шудаанд, толори варзишии мазкур нест.  Агар соли 2025 ба нақша гирфита шавад, ҳатман онро бунёд хоҳем кард, – афзуд Саидмурод Пиров.

Муминзод Абдулмаҷид, шаҳрдори нави Бохтар, рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабаринигори рӯзномаи “Фараж” дар хусуси нотамом боқӣ мондани толори варзишӣ гуфт:

“Мо ду рӯз пеш сари ин масъала гуфтушунид доштем. Ҳастанд шахсоне, ки дар шаҳри Бохтар толорҳои варзишии муосирро бунёд кунанд. Фақат барои онҳо имконият додан даркор”.

Набимуҳаммад Хоркашов, роҳбари мактаби варзишии шаҳри Бохтар, дар як  суҳбати телефонӣ гуфт, шаҳрдори нави Бохтар нақша дорад, толори варзишии нотамомро дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалтии кишвар бунёд кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь