Аз аввали соли ҷорӣ кормандони шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар 268 адад санади вайрон кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқро аз ҷониби муштариён ошкор карда, онҳоро ба маблағи зиёда аз 231 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Муовини сардори фуруши барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода зимни суҳбат гуфт, ки Тоҷикистон ба ҳадафи асосии худ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, наздик мешавад, аммо баъзе аз сокинон даст ба истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ мезананд, ки ин боиси талаф ёфтани неруи барқ мегардад.
– Ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои таъмини зиндагии шоиста ва ғанӣ гардонидани буҷети оилаи худ, неруи барқро сарфакорона истифода барад. Дар пеш фасли зимистон аст, аз ин ру муштариёнро зарур аст, ки дар истифодаи сарфакоронаи неруи барқ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунанд, – илова кард номбурда.
Гуфта шуд, ки бояд ҳама муштариён таҷҳизоти барқӣ, лампаҳо, оинаи нилгуну телефон ва дигар асбобҳои барқиро бе зарурат истифода набаранд. Ҳамчунин, рӯзона лампаҳоро хомӯш кунанду саривақт маблағи истифодаи барқро пардохт кунанд.