Дар шаҳри Бохтар бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар ва ҳайати ҳамроҳон ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд.

Ҳавзи шиноварӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дорои бинои маъмурии 2-ошёна, ҳуҷраҳои кории мураббиёни варзиши шиноварӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва шустушӯи бадан иборат буда, дар назар аст, ки минбаъд мусобиқаҳои варзишӣ дар ин ҷо гузаронида мешавад.

Дарозии ҳавзи шиноварӣ 40 метр буда, паҳноиаш ба 20 метр баробар аст. Чуқурии ҳавз аз 1.8 метр сар шуда, ба 2.2 метр мерасад. Ҳавзи шиноварӣ дорои дастгоҳҳои махсуси обтозакунӣ (филтр) ва обпарто буда, мутобиқ бо стандартҳои муосири варзишӣ сохта шудааст.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ҳозиринро табрик намуда, ин иқдомро барои рушди варзиши шиноварӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Агар дар 70 соли даврони Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 26 адад варзишгоҳ, 1128 майдончаи варзишӣ, 284 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ буд, имрӯз ин нишондод ба маротиб афзуда, то ба ҳамин давра теъдоди варзишгоҳҳо ба 40 адад, майдончаҳои варзишӣ 3196 адад, толорҳои варзишӣ 574 адад, ҳавзҳои шиноварӣ 38 адад, маҷмааи варзишӣ 11 адад, мактабҳои варзишӣ 37 ва дигар иншооти махсуси варзишӣ ба 231 адад расидааст. Агар шумораи умумии мураббиён то соли 1991 354 нафар буд, имрӯз ин теъдод ба 683 нафар, шумораи варзишгарон аз 8086 ба зиёда аз 18 ҳазор нафар расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь